тирамоҳрӯя — [تيره ماهرويه] қарибии тирамоҳ; айёми тирамоҳ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
тирамоҳ — [تيره ماه] фасли сеюми сол, фасли паси тобистон, фасли хазон, пойиз … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
баргрез — [بر گ ريز] 1. хусусияти дарахтоне, ки баргҳои онҳо дар тирамоҳ мерезанд 2. баргрезанда, дарахти баргрез 3. маҷ. тирамоҳ, пойиз; мавсими баргрез … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гандум — [گندم] навъе аз ғалладона, ки аз орди он нон ва хӯрокҳои дигар мепазанд ва ҳамчун ғизои асосии инсон истеъмол мешавад; гандуми баҳорӣ гандуме, ки дар аввали баҳор кишта мешавад; гандуми тирамоҳӣ гандуме, ки дар тирамоҳ мекоранд ва зимистон дар… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
кишт — I [کشت] асоси замони ҳозира гузашта аз киштан II [کشت] 1. коштан, коридан; киштукор, зироат 2. замини коридашуда, киштзор 3. он чизи коридашуда, ки аз замин сабзида баромадааст; кишти барвақтӣ киштукор пеш аз вақти муқаррарӣ; кишти баҳорӣ ниг.… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
меҳргон — [مهر گان] 1. яке аз ҷашнҳои бостонист, ки ҳар сол рӯзи шонздаҳуми меҳрмоҳ рӯзи эътидоли шабу рӯз дар тирамоҳ ҷашн мегирифтанд 2. тирамоҳ, поиз, хазон, хазонрез, баргрезон … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
хазон — [خزان] 1. яке аз чор фасли сол, тирамоҳ, пойиз 2. баргҳои зарду хушкшуда, барги хушкидаю рехта; мавсими (фасли) хазон фасли тирамоҳ, фасли хушкида рехтан ва хазон шудани барги дарахтон; хазон шудан а) пажмурдан, зард шудан, хушкидан; б) маҷ. рӯ… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ҷав — I [جو] ғаллае, ки бештар ба чорпоён медиҳанд ва аз ордаш нон ҳам мепазанд; орди ҷав; ҷави баҳорӣ ҷаве, ки баҳор кишт мешавад; ҷави тирамоҳӣ ҷаве, ки дар тирамоҳ кишт мегардад; ҷаве, як ҷав каме, андаке, ба қадри як ҷав; аз охури баланд ҷав хӯрдан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
шудгор — [شدگار] замини рондашуда, замини барои кишт омодашуда; шудгор кардан заминро барои кишт рондан; шудгори тирамоҳӣ тирамоҳ баъд аз бардоштани ҳосил шудгор карда мондани замин … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
аз — [از] пешоянд 1. сарчашмаи амалу ҳаракатро ифода мекунад; ранҷидан аз касе, тарсидан аз чизе… 2. ашёеро мефаҳмонад, ки дар иҷрои амал истифода мешавад ва саршавии амал ва объекти ҳаракат ба вай вобаста аст; дар ин маврид бештар бо феълҳои доштан,… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ